કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ - રવ્વાદ ભાષાંતર કેન્દ્ર

પેજ નંબર:close

external-link copy
7 : 10

إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يَرۡجُونَ لِقَآءَنَا وَرَضُواْ بِٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَٱطۡمَأَنُّواْ بِهَا وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِنَا غَٰفِلُونَ

Онон, ки ба дидори Мо умед [ва бовар] надоранд ва ба зиндагонии дунё хушнуданд ва ба он дилбастаанд ва касоне, ки аз оёти Мо ғофиланд info
التفاسير:

external-link copy
8 : 10

أُوْلَٰٓئِكَ مَأۡوَىٰهُمُ ٱلنَّارُ بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ

Инон ба сазои ончи мекарданд, ҷойгоҳашон оташи [дузах] аст info
التفاسير:

external-link copy
9 : 10

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ يَهۡدِيهِمۡ رَبُّهُم بِإِيمَٰنِهِمۡۖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهِمُ ٱلۡأَنۡهَٰرُ فِي جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ

Бе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Парвардигорашон ононро ба поси имонашон ба боғҳо [-и биҳишти пур] неъмат ҳидоят мекунад, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст info
التفاسير:

external-link copy
10 : 10

دَعۡوَىٰهُمۡ فِيهَا سُبۡحَٰنَكَ ٱللَّهُمَّ وَتَحِيَّتُهُمۡ فِيهَا سَلَٰمٞۚ وَءَاخِرُ دَعۡوَىٰهُمۡ أَنِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Дуояшон дар онҷо [ин аст]: «Илоҳо, Ту поку муназзаҳӣ» ва дурудашон [дар онҷо]: «Салом» аст ва поёни дуояшон ин аст, ки: «Ҳамду сипос, махсуси Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён аст» info
التفاسير:

external-link copy
11 : 10

۞ وَلَوۡ يُعَجِّلُ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ ٱلشَّرَّ ٱسۡتِعۡجَالَهُم بِٱلۡخَيۡرِ لَقُضِيَ إِلَيۡهِمۡ أَجَلُهُمۡۖ فَنَذَرُ ٱلَّذِينَ لَا يَرۡجُونَ لِقَآءَنَا فِي طُغۡيَٰنِهِمۡ يَعۡمَهُونَ

Ва агар [Аллоҳ таоло] барои мардум, бадиро бо ҳамон шитоб мехост, ки онон некиро мехоҳанд [ва нафринҳое, ки дар ҳаққи худ ва амволу фарзандонашон мекунанд, мустаҷоб мекард], ҳатман, аҷалашон фаро расида буд. Пас, касонеро ки ба дидори Мо умед [-у бовар] надоранд, вомегузорем, то дар [гумроҳӣ ва] саркашияшон саргардон бимонанд info
التفاسير:

external-link copy
12 : 10

وَإِذَا مَسَّ ٱلۡإِنسَٰنَ ٱلضُّرُّ دَعَانَا لِجَنۢبِهِۦٓ أَوۡ قَاعِدًا أَوۡ قَآئِمٗا فَلَمَّا كَشَفۡنَا عَنۡهُ ضُرَّهُۥ مَرَّ كَأَن لَّمۡ يَدۡعُنَآ إِلَىٰ ضُرّٖ مَّسَّهُۥۚ كَذَٰلِكَ زُيِّنَ لِلۡمُسۡرِفِينَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Ва чун ба инсон газанде мерасад, [дар ҳар ҳоле, ки бошад] ба паҳлу хобида ё нишаста ё истода Моро мехонад. Пас, ҳамин ки он газандро аз вай бартараф кардем, чунон меравад ки гӯӣ ҳаргиз Моро барои дафъи газанде, ки ба ӯ расида буд, нахондааст. Баҳамин сурат, барои исрофкорон [низ] ончи мекарданд, [дар назарашон] ороста шудааст info
التفاسير:

external-link copy
13 : 10

وَلَقَدۡ أَهۡلَكۡنَا ٱلۡقُرُونَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَمَّا ظَلَمُواْ وَجَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَمَا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُواْۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡمُجۡرِمِينَ

Ва [эй мушрикон] бе тардид, мо умматҳои пеш аз шуморо, ҳангоме ки ситам карданд, ҳалок кардем, дар ҳоле ки паёмбаронашон бо далели равшан ба сӯяшон омаданд ва [-ле] онон бар он набуданд, ки имон оваранд. Мо гурӯҳи муҷримонро ин гуна кайфар медиҳем info
التفاسير:

external-link copy
14 : 10

ثُمَّ جَعَلۡنَٰكُمۡ خَلَٰٓئِفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ مِنۢ بَعۡدِهِمۡ لِنَنظُرَ كَيۡفَ تَعۡمَلُونَ

Сипас баъд аз онон шумо [мардум]-ро ҷонишинони онҳо [дар] замин қарор додем, то бингарем, ки чигуна рафтор мекунед info
التفاسير: