Firo maanaaji al-quraan tedduɗo oo - Eggo maanaaji Kur'aana Teddunde nden e haalaTaajik - Khuuja Miirof Khuuja Miir.

external-link copy
78 : 4

أَيۡنَمَا تَكُونُواْ يُدۡرِككُّمُ ٱلۡمَوۡتُ وَلَوۡ كُنتُمۡ فِي بُرُوجٖ مُّشَيَّدَةٖۗ وَإِن تُصِبۡهُمۡ حَسَنَةٞ يَقُولُواْ هَٰذِهِۦ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِۖ وَإِن تُصِبۡهُمۡ سَيِّئَةٞ يَقُولُواْ هَٰذِهِۦ مِنۡ عِندِكَۚ قُلۡ كُلّٞ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِۖ فَمَالِ هَٰٓؤُلَآءِ ٱلۡقَوۡمِ لَا يَكَادُونَ يَفۡقَهُونَ حَدِيثٗا

78. Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дар ҳар замон ва маконе дармеёбад. Агар чи дар қасрҳои маҳкам ва манзилҳои баланде бошед. Ва замоне, ки аз некӣ аз фаровонии мол ва фарзандон ва саломатӣ бархўрдор бошанд, мегўянд: Ин аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва агар мусибат ва мушкилие бар онҳо бирасад ва дучори фақр ва беморӣ ва аз даст додани фарзандон ва дўстон гарданд, мегўянд: Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)! ин ба сабаби чизе аст, ки ту пеши мо овардаӣ. Бигў: “Ҳама аз ҷониби Аллоҳ аст”. Ин мардумро чи шудааст, ки ҳеҷ суханеро намефаҳманд ва ба фаҳмидани он наздик ҳам намешаванд.[360] info

[360] Тафсири Бағавӣ 2\252

التفاسير: