Firo maanaaji al-quraan tedduɗo oo - Eggo maanaaji Kur'aana Teddunde nden e haalaTaajik - Khuuja Miirof Khuuja Miir.

Tonngoode hello ngoo:close

external-link copy
141 : 3

وَلِيُمَحِّصَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَيَمۡحَقَ ٱلۡكَٰفِرِينَ

141. Ва ин шикасте, ки дар ҷанги Уҳуд шуд, имтиҳоне буд, то мўъминонро покиза гардонад ва ононро аз мунофиқон халос кунад ва кофиронро нобуд созад. info
التفاسير:

external-link copy
142 : 3

أَمۡ حَسِبۡتُمۡ أَن تَدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ وَلَمَّا يَعۡلَمِ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ جَٰهَدُواْ مِنكُمۡ وَيَعۡلَمَ ٱلصَّٰبِرِينَ

142. Оё гумон доред эй ёрони Муҳаммад (алайҳиссалоту ваcсалом), ки ба биҳишт хоҳед рафт, ҳол он ки имтиҳон карда нашудаед ба вазниниҳои ҷанг ва ба биҳишт дохил нахоҳед шуд то он даме, ки имтиҳон карда шавед ва Аллоҳ маълум мекунад аз миёни шумо чӣ касоне дар роҳи Ўҷиҳод мекунанд ва чӣ касоне дар муқобили душман сабр мекунанд? info
التفاسير:

external-link copy
143 : 3

وَلَقَدۡ كُنتُمۡ تَمَنَّوۡنَ ٱلۡمَوۡتَ مِن قَبۡلِ أَن تَلۡقَوۡهُ فَقَدۡ رَأَيۡتُمُوهُ وَأَنتُمۡ تَنظُرُونَ

143. Ҳамоно шумо -эй мўъминон- орзу мекардед ҷангиданро бо душман пеш аз ҷанги Уҳуд; то ноил шавед шаҳодатеро, ки бародаронатон дар ҷанги Бадр дар роҳи Аллоҳ ноил шуданд. Пас бо чашмони худ дидед онро дар Уҳуд, акнун биҷангед ва сабр кунед.[274] info

[274]Тафсири Табарӣ 7/248

التفاسير:

external-link copy
144 : 3

وَمَا مُحَمَّدٌ إِلَّا رَسُولٞ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِ ٱلرُّسُلُۚ أَفَإِيْن مَّاتَ أَوۡ قُتِلَ ٱنقَلَبۡتُمۡ عَلَىٰٓ أَعۡقَٰبِكُمۡۚ وَمَن يَنقَلِبۡ عَلَىٰ عَقِبَيۡهِ فَلَن يَضُرَّ ٱللَّهَ شَيۡـٔٗاۚ وَسَيَجۡزِي ٱللَّهُ ٱلشَّٰكِرِينَ

144. Шубҳае нест, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) паёмбарест, ки пеш аз ў паёмбарони дигар будаанд, ки рисолати Парвардигорашонро мерасониданд. Оё агар бимирад ё кушта шавад чунон ки душманон хабари дурўғ паҳн карданд, шумо ба дини пешинаи худ бозмегардед ва дини паёмбаратонро тарк мекунед? Ҳар кас, ки аз динаш бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Аллоҳ нахоҳад расонид, балки ба худаш зиёни бузурге расонидааст. Аммо касе устувор аст дар имон ва шукргузор аст бар неъмати Ислом, Аллоҳ шукргузоронро подош (мукофот) хоҳад дод.[275] info

[275]Тафсири Бағавӣ 2/114

التفاسير:

external-link copy
145 : 3

وَمَا كَانَ لِنَفۡسٍ أَن تَمُوتَ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِ كِتَٰبٗا مُّؤَجَّلٗاۗ وَمَن يُرِدۡ ثَوَابَ ٱلدُّنۡيَا نُؤۡتِهِۦ مِنۡهَا وَمَن يُرِدۡ ثَوَابَ ٱلۡأٓخِرَةِ نُؤۡتِهِۦ مِنۡهَاۚ وَسَنَجۡزِي ٱلشَّٰكِرِينَ

145. Ҳеч шахсе намирад, магар ба иродаи Аллоҳ, ки навишта шудааст мўҳлати вақти ў. Ҳар кас бо амалаш хоҳони савоби ризқи ин дунё бошад, ба ў медиҳем ва ў дар охират насибе надорад ва ҳар кас бо амалаш хоҳони савоби охират бошад, ба ў медиҳем барзиёд бо ҳамроҳии он ризқе, ки барои ў дар ин дунё тақсим карда шуда буд. Ва шукргузоронро подош хоҳем дод![276] info

[276]Тафсири ибни Касир 2/130

التفاسير:

external-link copy
146 : 3

وَكَأَيِّن مِّن نَّبِيّٖ قَٰتَلَ مَعَهُۥ رِبِّيُّونَ كَثِيرٞ فَمَا وَهَنُواْ لِمَآ أَصَابَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَمَا ضَعُفُواْ وَمَا ٱسۡتَكَانُواْۗ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلصَّٰبِرِينَ

146.Чӣ басо аз паёмбарони гузашта, ки гурӯҳи бисёре аз асҳобашон ҳамроҳи онон дар роҳи Аллоҳ биҷангиданд, ҳарчӣ ба онҳо расид аз ҷароҳату куштор, сустӣ накарданд ва нотавон нашуданд ва сар фуруд наёварданд дар пеши душман, балки сабр карданд ва Аллоҳ сабркунандагонро дўст дорад. info
التفاسير:

external-link copy
147 : 3

وَمَا كَانَ قَوۡلَهُمۡ إِلَّآ أَن قَالُواْ رَبَّنَا ٱغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسۡرَافَنَا فِيٓ أَمۡرِنَا وَثَبِّتۡ أَقۡدَامَنَا وَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ

147. Танҳо ин сабркунандагон мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, гуноҳони моро ва зиёдаравиҳои моро дар корҳоямон биёмӯрз ва моро собитқадам гардон дар майдони ҷанг ва дар баробари онон, ки инкор карданд ягонагии туро ва паёмбарии паёмбаронатро моро ёрӣ кун»[277]. info

[277]Тафсири Табарӣ 7/273

التفاسير:

external-link copy
148 : 3

فَـَٔاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ ثَوَابَ ٱلدُّنۡيَا وَحُسۡنَ ثَوَابِ ٱلۡأٓخِرَةِۗ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

148. Пас Аллоҳ ба онон ҷазои некро дод дар дунё, ки он пирўзӣ бар душман ва устуворӣ дар замин аст ва низ ҷазои некро дар охират дод, ки он биҳишти сарсабз аст. Ва Аллоҳ накўкоронеро, ки бо Парвардигори худ ва мардумон хушмуомила ҳастанд, дўст дорад![278] info

[278]Тафсири Табарӣ 7/275

التفاسير: