ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه‌ى تاجیکی - خواجه میروف خواجه میر

شماره صفحه:close

external-link copy
137 : 26

إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا خُلُقُ ٱلۡأَوَّلِينَ

137. Гуфтанд: Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён чизи дигаре нест. info
التفاسير:

external-link copy
138 : 26

وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ

138. Ва мо ҳаргиз азоб нахоҳем шуд». info
التفاسير:

external-link copy
139 : 26

فَكَذَّبُوهُ فَأَهۡلَكۡنَٰهُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

139. Пас ӯро дурӯғгӯ бароварданд ва бар куфрашон давомат карданд, пас Мо ононро ҳалок кардем. Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд! info
التفاسير:

external-link copy
140 : 26

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

140. Ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманд аст ба нобуд сохтани кофирон ва меҳрубон аст ба мӯъминон ! info
التفاسير:

external-link copy
141 : 26

كَذَّبَتۡ ثَمُودُ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

141. Қавми Самудпаёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.[1814] info

[1814]Яъне Солеҳ ва дигар паёмбарон алайҳиму ссаломро.

التفاسير:

external-link copy
142 : 26

إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ صَٰلِحٌ أَلَا تَتَّقُونَ

142. Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед ва танҳо Ӯро парастиш намекунед? info
التفاسير:

external-link copy
143 : 26

إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ

143. Ҳароина, ман дар таблиғи рисолати Аллоҳ барои шумо паёмбари амин ҳастам. info
التفاسير:

external-link copy
144 : 26

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

144. Аз иқоби Аллоҳ битарсед ва он чиро ки ман ба шумо овардаам итоъат кунед! info
التفاسير:

external-link copy
145 : 26

وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

145. Ман аз шумо барои таблиғи рисолат музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст! info
التفاسير:

external-link copy
146 : 26

أَتُتۡرَكُونَ فِي مَا هَٰهُنَآ ءَامِنِينَ

146. Оё мепиндоред, ки шумо дар ин неъматҳои ин ҷо эмин гузошта хоҳед шуд? info
التفاسير:

external-link copy
147 : 26

فِي جَنَّٰتٖ وَعُيُونٖ

147. Дар ин боғҳову чашмасорҳо? info
التفاسير:

external-link copy
148 : 26

وَزُرُوعٖ وَنَخۡلٖ طَلۡعُهَا هَضِيمٞ

148. Ва дар ин киштзорҳову хурмозорҳо бо он шукуфаҳои нарму латиф? info
التفاسير:

external-link copy
149 : 26

وَتَنۡحِتُونَ مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتٗا فَٰرِهِينَ

149. Ва сармастии шумо ба ҳадде расидааст, ки моҳирона дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед? info
التفاسير:

external-link copy
150 : 26

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

150. Пас аз азоби Аллоҳ битарсед ва ба насиҳати ман итоъат кунед! info
التفاسير:

external-link copy
151 : 26

وَلَا تُطِيعُوٓاْ أَمۡرَ ٱلۡمُسۡرِفِينَ

151. Ва фармони ин исрофкоронро мапазиред, info
التفاسير:

external-link copy
152 : 26

ٱلَّذِينَ يُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا يُصۡلِحُونَ

152. Онҳоеро, ки дар замин ба ҷои ислоҳ фасод мекунанд. info
التفاسير:

external-link copy
153 : 26

قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ

153. Самудиён ба паёмбарашон Солеҳ гуфтанд: «Ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд. info
التفاسير:

external-link copy
154 : 26

مَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُنَا فَأۡتِ بِـَٔايَةٍ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ

154. Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ. Агар рост мегӯӣ, нишонае биёвар». info
التفاسير:

external-link copy
155 : 26

قَالَ هَٰذِهِۦ نَاقَةٞ لَّهَا شِرۡبٞ وَلَكُمۡ شِرۡبُ يَوۡمٖ مَّعۡلُومٖ

155. Солеҳ гуфт: «Ин модашутуре аст, ки як навбат об хӯрдан барои вай аст ва навбати рӯзи муайян барои шумо. info
التفاسير:

external-link copy
156 : 26

وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٖ فَيَأۡخُذَكُمۡ عَذَابُ يَوۡمٍ عَظِيمٖ

156. Ба он камтарин озоре нарасонед, ки азоби рӯзи бузург ба саратон меояд». info
التفاسير:

external-link copy
157 : 26

فَعَقَرُوهَا فَأَصۡبَحُواْ نَٰدِمِينَ

157. Пас онро куштанд ва пушаймон шуданд, вале пушаймонӣ барояшон фоиде набахшид. info
التفاسير:

external-link copy
158 : 26

فَأَخَذَهُمُ ٱلۡعَذَابُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

158. Пас азоби Аллоҳ онҳоро фурӯ гирифт. Албатта, дар ин ҳалок шудани Самудиён ибратест ва бисёрии онҳо имон наёварданд info
التفاسير:

external-link copy
159 : 26

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

159. Ва албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар душманонаш ва меҳрубон аст ба ононе, ки имон оварданд! info
التفاسير: