ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه‌ى تاجيكى - مركز ترجمه‌ى رواد

شماره صفحه:close

external-link copy
12 : 7

قَالَ مَا مَنَعَكَ أَلَّا تَسۡجُدَ إِذۡ أَمَرۡتُكَۖ قَالَ أَنَا۠ خَيۡرٞ مِّنۡهُ خَلَقۡتَنِي مِن نَّارٖ وَخَلَقۡتَهُۥ مِن طِينٖ

[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Вақте ки туро [ба саҷда] фармон додам, чи чиз монеат шуд, ки саҷда кунӣ»? [Иблис] Гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам: маро аз оташ офаридӣ ва [-ле] ӯро аз гил падид овардӣ» info
التفاسير:

external-link copy
13 : 7

قَالَ فَٱهۡبِطۡ مِنۡهَا فَمَا يَكُونُ لَكَ أَن تَتَكَبَّرَ فِيهَا فَٱخۡرُجۡ إِنَّكَ مِنَ ٱلصَّٰغِرِينَ

[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Аз ин [биҳишти барин] фуруд о, [зеро] ҳаққи ту нест, ки дар он [макон гарданкашӣ ва] такаббур кунӣ. Пас, берун рав, [ки] бе тардид, ту аз хоршудагонӣ» info
التفاسير:

external-link copy
14 : 7

قَالَ أَنظِرۡنِيٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ

[Иблис] Гуфт: «То рӯзе, ки [инсонҳо] барангехта шаванд, маро муҳлат бидеҳ [то фиребашон диҳам] info
التفاسير:

external-link copy
15 : 7

قَالَ إِنَّكَ مِنَ ٱلۡمُنظَرِينَ

[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Ҳатман, ту аз муҳлатёфтагонӣ» info
التفاسير:

external-link copy
16 : 7

قَالَ فَبِمَآ أَغۡوَيۡتَنِي لَأَقۡعُدَنَّ لَهُمۡ صِرَٰطَكَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ

[Иблис] гуфт: «Пас, ба хотири он ки маро ба гумроҳӣ [ва ҳалокат] афкандӣ, ман низ бар сари роҳи мустақими Ту барои [фиреби] онон менишинам info
التفاسير:

external-link copy
17 : 7

ثُمَّ لَأٓتِيَنَّهُم مِّنۢ بَيۡنِ أَيۡدِيهِمۡ وَمِنۡ خَلۡفِهِمۡ وَعَنۡ أَيۡمَٰنِهِمۡ وَعَن شَمَآئِلِهِمۡۖ وَلَا تَجِدُ أَكۡثَرَهُمۡ شَٰكِرِينَ

Сипас бар онон, аз рӯбарӯ ва аз пушти сар ва аз тарафи росту чапашон, дармеоям ва [чунон мекунам] бештарашро шукургузор [-и неъматҳои худ] намеёбӣ» info
التفاسير:

external-link copy
18 : 7

قَالَ ٱخۡرُجۡ مِنۡهَا مَذۡءُومٗا مَّدۡحُورٗاۖ لَّمَن تَبِعَكَ مِنۡهُمۡ لَأَمۡلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنكُمۡ أَجۡمَعِينَ

[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Аз онҷо [биҳишт] накуҳида ва рондашуда берун рав. Ҳар касе аз онон, ки аз ту пайравӣ кунад, [дар сипоҳи туст ва рӯзи қиёмат] ҳатман, дузахро аз ҳамаи шумо пур хоҳам кард info
التفاسير:

external-link copy
19 : 7

وَيَٰٓـَٔادَمُ ٱسۡكُنۡ أَنتَ وَزَوۡجُكَ ٱلۡجَنَّةَ فَكُلَا مِنۡ حَيۡثُ شِئۡتُمَا وَلَا تَقۡرَبَا هَٰذِهِ ٱلشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ

Ва, эй Одам, ту ва ҳамсарат дар биҳишт сокин шавед ва аз [хӯрданиҳои он аз] ҳар ҷойе ки хостед бихуред, ва [-ле] ба ин дарахт наздик нашавед ки аз ситамгорони [нофармон] хоҳед буд» info
التفاسير:

external-link copy
20 : 7

فَوَسۡوَسَ لَهُمَا ٱلشَّيۡطَٰنُ لِيُبۡدِيَ لَهُمَا مَا وُۥرِيَ عَنۡهُمَا مِن سَوۡءَٰتِهِمَا وَقَالَ مَا نَهَىٰكُمَا رَبُّكُمَا عَنۡ هَٰذِهِ ٱلشَّجَرَةِ إِلَّآ أَن تَكُونَا مَلَكَيۡنِ أَوۡ تَكُونَا مِنَ ٱلۡخَٰلِدِينَ

Пас, шайтон он дуро васваса кард, то он чи аз шармгоҳашон ба онон пӯшида монда буд, бар эшон ошкор созад [пас, ҳилае андешид] ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз [хӯрдани меваи] ин дарахт манъ накард, магар [барои] он ки [мабодо табдил ба] ду фаришта гардед ё аз ҷовидонон шавед» info
التفاسير:

external-link copy
21 : 7

وَقَاسَمَهُمَآ إِنِّي لَكُمَا لَمِنَ ٱلنَّٰصِحِينَ

Ва барои он ду савганд хӯрд, ки: «Ман, ҳатман, хайрхоҳатон ҳастам» info
التفاسير:

external-link copy
22 : 7

فَدَلَّىٰهُمَا بِغُرُورٖۚ فَلَمَّا ذَاقَا ٱلشَّجَرَةَ بَدَتۡ لَهُمَا سَوۡءَٰتُهُمَا وَطَفِقَا يَخۡصِفَانِ عَلَيۡهِمَا مِن وَرَقِ ٱلۡجَنَّةِۖ وَنَادَىٰهُمَا رَبُّهُمَآ أَلَمۡ أَنۡهَكُمَا عَن تِلۡكُمَا ٱلشَّجَرَةِ وَأَقُل لَّكُمَآ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ لَكُمَا عَدُوّٞ مُّبِينٞ

Пас, онҳоро бо фиреб [аз мақому манзилашон] фуруд овард ва чун аз [меваи] он дарахт бичашиданд, шармгоҳашон бар онон намоён шуд ва шурӯъ карданд ба қарор додани барги [дарахтони] биҳишт бар [шармгоҳи] худ.Ва Парвардигорашон [инчунин] ба онҳо нидо дод: «Оё шуморо аз [хӯрдани меваи] он дарахт манъ накардам ва ба шумо нагуфтам, ки бе тардид, шайтон душмани ошкори шумост»?! info
التفاسير: