ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه‌ى تاجيكى - مركز ترجمه‌ى رواد

Сафф

external-link copy
1 : 61

سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
2 : 61

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفۡعَلُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед, чаро чизеро мегӯед, ки [ба он] амал намекунед? info
التفاسير:

external-link copy
3 : 61

كَبُرَ مَقۡتًا عِندَ ٱللَّهِ أَن تَقُولُواْ مَا لَا تَفۡعَلُونَ

Назди Аллоҳ таоло сахт нописанд [ва муҷиби хашм] аст, ки чизеро бигӯед, ки [ба он] амал намекунед. info
التفاسير:

external-link copy
4 : 61

إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلَّذِينَ يُقَٰتِلُونَ فِي سَبِيلِهِۦ صَفّٗا كَأَنَّهُم بُنۡيَٰنٞ مَّرۡصُوصٞ

Бе гумон, Аллоҳ таоло касонеро, ки чун бинои оҳанин саф баста [ва] дар роҳи Ӯ пайкор мекунанд, дӯст медорад info
التفاسير:

external-link copy
5 : 61

وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ لِمَ تُؤۡذُونَنِي وَقَد تَّعۡلَمُونَ أَنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡۖ فَلَمَّا زَاغُوٓاْ أَزَاغَ ٱللَّهُ قُلُوبَهُمۡۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ

Ва [эй Паёмбар, ба ёд овар] ҳангомеро, ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро озор [ва азият] мерасонед, дар ҳоле ки медонед, бе гумон, ман фиристодаи Аллоҳ таоло ба сӯи шумо ҳастам?». Пас, чун онон [аз ҳақ] мунҳариф шуданд, Аллоҳ таоло дилҳояшонро мунҳариф сохт; ва Аллоҳ таоло қавми нофармонро ҳидоят намекунад. info
التفاسير: