ترجمهٔ معانی قرآن کریم - ترجمه‌ى تاجيكى - مركز ترجمه‌ى رواد

شماره صفحه: 271:267 close

external-link copy
43 : 16

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ إِلَّا رِجَالٗا نُّوحِيٓ إِلَيۡهِمۡۖ فَسۡـَٔلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلذِّكۡرِ إِن كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ

Ва [эй Паёмбар] Мо пеш аз ту ба ҷуз мардоне, ки ба онон ваҳй мекардем, [касеро ба рисолат] нафиристодем; пас, [эй мушрикон] агар намедонед, аз аҳли зикр [донишмандони аҳли китоб] бипурсед info
التفاسير:

external-link copy
44 : 16

بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلزُّبُرِۗ وَأَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلذِّكۡرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيۡهِمۡ وَلَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُونَ

[Он паёмбаронро] Бо далоили равшан ва китобҳо[-и осмонӣ фиристодем]; ва [Мо ин] Қуръонро бар ту нозил кардем, то барои мардум он чиро, ки бар эшон нозил шудааст, равшан созӣ; бошад, ки [дар мафоҳимаш] бияндешанд info
التفاسير:

external-link copy
45 : 16

أَفَأَمِنَ ٱلَّذِينَ مَكَرُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن يَخۡسِفَ ٱللَّهُ بِهِمُ ٱلۡأَرۡضَ أَوۡ يَأۡتِيَهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَشۡعُرُونَ

Оё касоне, ки бадандешӣ [ва тавтеа] карданд, [аз ин] эмин ҳастанд, ки Аллоҳ таоло [ҳамаи] ононро дар замин фурӯ барад ё азоби [илоҳӣ] аз ҷойе, ки намедонанд, [ба суроғашон] биёяд? info
التفاسير:

external-link copy
46 : 16

أَوۡ يَأۡخُذَهُمۡ فِي تَقَلُّبِهِمۡ فَمَا هُم بِمُعۡجِزِينَ

Ё [он ки] ба ҳангоми рафту омадашон [гиребони] ононро бигирад? Пас, онон монеъ [-и расидани азоб] нестанд info
التفاسير:

external-link copy
47 : 16

أَوۡ يَأۡخُذَهُمۡ عَلَىٰ تَخَوُّفٖ فَإِنَّ رَبَّكُمۡ لَرَءُوفٞ رَّحِيمٌ

Ё [он ки азоби илоҳӣ] дар ҳоле ки [аз он] метарсанд, гиребонгирашон шавад? Пас, бе тардид, Парвардигоратон дилсӯзи меҳрубон аст [ки дар муҷозотатон шитоб намекунанд] info
التفاسير:

external-link copy
48 : 16

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَىٰ مَا خَلَقَ ٱللَّهُ مِن شَيۡءٖ يَتَفَيَّؤُاْ ظِلَٰلُهُۥ عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَٱلشَّمَآئِلِ سُجَّدٗا لِّلَّهِ وَهُمۡ دَٰخِرُونَ

Оё онон ба чизҳое [ҳамчун дарахтон ва кӯҳҳо], ки Аллоҳ таоло офарида аст, наменигаранд, ки [чи гуна бо ҳаракати хуршеду моҳ] сояҳояшон аз росту чап мегустурад ва дар ҳоле барои Аллоҳ таоло саҷда мекунанд, ки [дар баробараш] хоксоранд? info
التفاسير:

external-link copy
49 : 16

وَلِلَّهِۤ يَسۡجُدُۤ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ مِن دَآبَّةٖ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَهُمۡ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ

Ва ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст – аз ҷунбандагону фариштагон - [ҳамагӣ] барои Аллоҳ таоло саҷда меоваранд ва гарданкашӣ намекунанд info
التفاسير:

external-link copy
50 : 16

يَخَافُونَ رَبَّهُم مِّن فَوۡقِهِمۡ وَيَفۡعَلُونَ مَا يُؤۡمَرُونَ۩

[Фариштагон] Аз Парвардигори хеш, ки [ба зот ва ғалаба ва қудраташ] болои онон аст, метарсанд ва он чӣ фармон дода мешаванд, ҳамон мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
51 : 16

۞ وَقَالَ ٱللَّهُ لَا تَتَّخِذُوٓاْ إِلَٰهَيۡنِ ٱثۡنَيۡنِۖ إِنَّمَا هُوَ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ فَإِيَّٰيَ فَٱرۡهَبُونِ

Ва Аллоҳ таоло фармуд: «Ду маъбуд [-ро барои худ ба парастиш] нагиред. Ҷуз ин нест, ки [маъбуди шумо] ҳамон Аллоҳи яктост; пас, танҳо аз ман парво кунед» info
التفاسير:

external-link copy
52 : 16

وَلَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَهُ ٱلدِّينُ وَاصِبًاۚ أَفَغَيۡرَ ٱللَّهِ تَتَّقُونَ

Ва он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва парастишу фармондорӣ [низ] ҳамеша ва пайваста барои Ӯст. Оё аз ғайри Аллоҳ таоло парво мекунед? info
التفاسير:

external-link copy
53 : 16

وَمَا بِكُم مِّن نِّعۡمَةٖ فَمِنَ ٱللَّهِۖ ثُمَّ إِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فَإِلَيۡهِ تَجۡـَٔرُونَ

Ва [эй мардум] ҳар неъмате, ки доред, аз сӯи Аллоҳ таоло аст; сипас чун ба шумо газанде мерасад, ба пешгоҳи Ӯ нола ва зорӣ мекунед info
التفاسير:

external-link copy
54 : 16

ثُمَّ إِذَا كَشَفَ ٱلضُّرَّ عَنكُمۡ إِذَا فَرِيقٞ مِّنكُم بِرَبِّهِمۡ يُشۡرِكُونَ

Сипас вақте он газандро аз шумо бартараф сохт, он гоҳ гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон ширк меварзанд info
التفاسير: