আল-কোৰআনুল কাৰীমৰ অৰ্থানুবাদ - তাজিক অনুবাদ- খাজা মিৰুফ খাজা মীৰ

পৃষ্ঠা নং: 201:187 close

external-link copy
94 : 9

يَعۡتَذِرُونَ إِلَيۡكُمۡ إِذَا رَجَعۡتُمۡ إِلَيۡهِمۡۚ قُل لَّا تَعۡتَذِرُواْ لَن نُّؤۡمِنَ لَكُمۡ قَدۡ نَبَّأَنَا ٱللَّهُ مِنۡ أَخۡبَارِكُمۡۚ وَسَيَرَى ٱللَّهُ عَمَلَكُمۡ وَرَسُولُهُۥ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

94. Эй мӯъминон, чун шумо ба наздашон бозгардед, (барои нарафтанашон ба ҷиҳод) меоянду узр мепурсанд. Бигӯ: «Узр мапурсед, гуфторатонро ҳаргиз бовар надорем, ки Аллоҳ моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст. Ба зудӣ Аллоҳу паёмбараш амали шуморо дар дунё хоҳанд дид. Оё шумо аз нифоқи худ тавба мекунед ё бар он пойдор меистед? Он гоҳ шуморо назди он Аллоҳе, ки донои ниҳону ошкор аст, мебаранд, то аз натиҷаи аъмолатон огоҳатон созад!»[929] info

[929] Тафсири Табарӣ 14\424

التفاسير:

external-link copy
95 : 9

سَيَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ لَكُمۡ إِذَا ٱنقَلَبۡتُمۡ إِلَيۡهِمۡ لِتُعۡرِضُواْ عَنۡهُمۡۖ فَأَعۡرِضُواْ عَنۡهُمۡۖ إِنَّهُمۡ رِجۡسٞۖ وَمَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ

95. Эй мӯъминон, чун аз ҷанг ба назди инҳо мунофиқон бозгардед, бароятон савганд мехӯранд, то аз хатояшон даргузаред. Аз онҳо рӯй гардонед ва таркашон кунед, ки мардуме палиданд ва ба хотири аъмолашон ҷой дар ҷаҳаннам доранд![930] info

[930] Тафсири Бағавӣ 4\85

التفاسير:

external-link copy
96 : 9

يَحۡلِفُونَ لَكُمۡ لِتَرۡضَوۡاْ عَنۡهُمۡۖ فَإِن تَرۡضَوۡاْ عَنۡهُمۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يَرۡضَىٰ عَنِ ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡفَٰسِقِينَ

96. Эй мӯъминон, ин мунофиқон бароятон савганд мехӯранд, то аз онон хушнуд шавед. Агар шумо ҳам хушнуд шавед, Аллоҳ аз ин мардуми нофармон хушнуд нахоҳад шуд! info
التفاسير:

external-link copy
97 : 9

ٱلۡأَعۡرَابُ أَشَدُّ كُفۡرٗا وَنِفَاقٗا وَأَجۡدَرُ أَلَّا يَعۡلَمُواْ حُدُودَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ عَلَىٰ رَسُولِهِۦۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ

97. Арабҳои бодиянишин кофиртару мунофиқтар аз дигаронанд[931] ва ба надонистани ҳукмҳое, ки Аллоҳ бар паёмбараш нозил кардааст, сазовортаранд. Ва Аллоҳ ба ҳамаи ҳоли онҳо доно ва дар тадбири кори бандагонаш дурусткор аст! info

[931] Нисбат ба аҳли шаҳр

التفاسير:

external-link copy
98 : 9

وَمِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ مَن يَتَّخِذُ مَا يُنفِقُ مَغۡرَمٗا وَيَتَرَبَّصُ بِكُمُ ٱلدَّوَآئِرَۚ عَلَيۡهِمۡ دَآئِرَةُ ٱلسَّوۡءِۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٞ

98. Баъзе аз арабҳои бодиянишин он чиро, ки нафақа мекунанд, чун зиёне мепиндоранд ва мунтазиранд, то ба шумо мусибате бирасад. Мусибати бад бар худашон бод ва Аллоҳ шунаво аст ба он чи мегӯянд ва доност ба ниятҳои вайронашон![932] info

[932] Тафсири Саъдӣ 1\349

التفاسير:

external-link copy
99 : 9

وَمِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ مَن يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَيَتَّخِذُ مَا يُنفِقُ قُرُبَٰتٍ عِندَ ٱللَّهِ وَصَلَوَٰتِ ٱلرَّسُولِۚ أَلَآ إِنَّهَا قُرۡبَةٞ لَّهُمۡۚ سَيُدۡخِلُهُمُ ٱللَّهُ فِي رَحۡمَتِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

99. Ва баъзе аз арабҳои бодиянишин ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон доранд ва он чиро, ки дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунанд сабаби наздикӣ ба Аллоҳ ва дуъои Паёмбар медонанд. Бидонед, ки ҳамин нафақа кардан ва садақоташон ва низ дуъоҳо ва омӯрзишхоҳии Паёмбар (саллалллоҳу алайҳи ва саллам) сабаби наздикияшон ба Аллоҳ хоҳад шуд ва Аллоҳ ба раҳмати хеш дохили биҳишташон хоҳад кард, зеро омӯрзандаву меҳрубон аст! info
التفاسير: