আল-কোৰআনুল কাৰীমৰ অৰ্থানুবাদ - তাজিক অনুবাদ- খাজা মিৰুফ খাজা মীৰ

পৃষ্ঠা নং:close

external-link copy
111 : 6

۞ وَلَوۡ أَنَّنَا نَزَّلۡنَآ إِلَيۡهِمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ وَكَلَّمَهُمُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَحَشَرۡنَا عَلَيۡهِمۡ كُلَّ شَيۡءٖ قُبُلٗا مَّا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُوٓاْ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ يَجۡهَلُونَ

111. Ва агар мо талаби онҳоро қабул менамудем ва фариштагонро аз осмон бар онҳо фуруд меовардем ва мурдагонро зинда мекардем, ки бо онҳо сухан гӯянд ва ҳар чизеро гурӯҳ- гурӯҳ назди онон гирд меовардем, пас ба чашми худ онро медиданд боз ҳам имон намеоварданд, магар ин ки Аллоҳ бихоҳад. Валекин бештарашон ҷоҳиланд![608] info

[608]Тафсири Ибни Касир 3\318

التفاسير:

external-link copy
112 : 6

وَكَذَٰلِكَ جَعَلۡنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوّٗا شَيَٰطِينَ ٱلۡإِنسِ وَٱلۡجِنِّ يُوحِي بَعۡضُهُمۡ إِلَىٰ بَعۡضٖ زُخۡرُفَ ٱلۡقَوۡلِ غُرُورٗاۚ وَلَوۡ شَآءَ رَبُّكَ مَا فَعَلُوهُۖ فَذَرۡهُمۡ وَمَا يَفۡتَرُونَ

112. Чунон ки туро, эй Паёмбар биёзмудем бо душманонат (мушрикон), ҳамчунин барои ҳар паёмбаре душманони саркаш аз шаётини инсу ҷин қарор додем. Барои фиреби якдигар суханони ороста ваҳй мекунанд, то шунавандаро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд. Агар Парвардигорат мехост, чунин намекарданд. Лекин имтиҳонест аз ҷониби Парвардигорат. Пас онҳоро ба ҳоли дурӯғбастанашон бигузор![609] info

[609] Тафсири Табарӣ 12\50

التفاسير:

external-link copy
113 : 6

وَلِتَصۡغَىٰٓ إِلَيۡهِ أَفۡـِٔدَةُ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ وَلِيَرۡضَوۡهُ وَلِيَقۡتَرِفُواْ مَا هُم مُّقۡتَرِفُونَ

113. Ва мерасонанд аз роҳи васваса шайтонҳои инсу ҷин суханони оростаро, то майл кунанд ба сӯи ин васваса дилҳои касоне, ки имон надоранд ба рӯзи охират, то писанд кунанд он васвасаро ва то амал кунанд он чиро, ки онон амалкунандаи ононанд. (Яъне амале, ки сазовори онон аст). info
التفاسير:

external-link copy
114 : 6

أَفَغَيۡرَ ٱللَّهِ أَبۡتَغِي حَكَمٗا وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ إِلَيۡكُمُ ٱلۡكِتَٰبَ مُفَصَّلٗاۚ وَٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يَعۡلَمُونَ أَنَّهُۥ مُنَزَّلٞ مِّن رَّبِّكَ بِٱلۡحَقِّۖ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُمۡتَرِينَ

114. Бигӯ, эй Расул барои мушрикон: Оё довари дигаре ҷуз маъбуди худам ва маъбуди шумо талаб кунам ва ҳол он ки Ӯст, ки ин китоби равшанро (Қуръон) бар шумо нозил кардааст? Ва аҳли китоб, касонеанд, ки Аллоҳ ба онҳо Таврот ва Инҷилро фиристод, медонанд, ки (Қуръон) ба ҳақ аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст. Пас аз шак оварандагон мабош дар чизе ки аз он Мо ба ту ваҳй фиристодаем![610] info

[610] Тафсири Бағавӣ 3\81

التفاسير:

external-link copy
115 : 6

وَتَمَّتۡ كَلِمَتُ رَبِّكَ صِدۡقٗا وَعَدۡلٗاۚ لَّا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِهِۦۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ

115. Ва каломи Парвардигори ту дар ростиву адолат пурра ва мукаммал аст. Ҳеҷ кас наметавонад суханони Ӯро дигаргун кунад ва Ӯст шунаво ба гуфтори бандагонаш ва доност ба зоҳиру ботини умури бандагонаш! info
التفاسير:

external-link copy
116 : 6

وَإِن تُطِعۡ أَكۡثَرَ مَن فِي ٱلۡأَرۡضِ يُضِلُّوكَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۚ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَإِنۡ هُمۡ إِلَّا يَخۡرُصُونَ

116. Агар фарз карда шавад эй Расул, ки ту итоъат кунӣ бисёриҳоеро, ки дар ин сарзаминанд, туро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд. Зеро онон фақат аз паи гумон мераванд ва фақат ба дурӯғ сухан мегӯянд. info
التفاسير:

external-link copy
117 : 6

إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ مَن يَضِلُّ عَن سَبِيلِهِۦۖ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ

117. Албатта Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи Вай дур мегарданд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро аз шумо дида беҳтар мешиносад! info
التفاسير:

external-link copy
118 : 6

فَكُلُواْ مِمَّا ذُكِرَ ٱسۡمُ ٱللَّهِ عَلَيۡهِ إِن كُنتُم بِـَٔايَٰتِهِۦ مُؤۡمِنِينَ

118. Агар ба оятҳои равшани Аллоҳ имон дошта бошед, аз забҳе, ки номи Аллоҳ бар он ёд шудааст, бихӯред. info
التفاسير: