ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߙߎ߬ߥߊ߯ߘߎ-ߕߊ߬ߙߑߖߡߊ ߝߊ߲ߓߊ

ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ:close

external-link copy
20 : 4

وَإِنۡ أَرَدتُّمُ ٱسۡتِبۡدَالَ زَوۡجٖ مَّكَانَ زَوۡجٖ وَءَاتَيۡتُمۡ إِحۡدَىٰهُنَّ قِنطَارٗا فَلَا تَأۡخُذُواْ مِنۡهُ شَيۡـًٔاۚ أَتَأۡخُذُونَهُۥ بُهۡتَٰنٗا وَإِثۡمٗا مُّبِينٗا

Агар хостед ҳамсар [-и дигаре] ба ҷойи ҳамсар [-и пешини худ] баргузинед ва ба яке аз онон моли фаровоне [ба унвони маҳрия] пардохтаед, чизе аз онро пас нагиред. Оё мехоҳед он [мол]-ро ба буҳтон ва гуноҳи ошкор бозпас бигиред? info
التفاسير:

external-link copy
21 : 4

وَكَيۡفَ تَأۡخُذُونَهُۥ وَقَدۡ أَفۡضَىٰ بَعۡضُكُمۡ إِلَىٰ بَعۡضٖ وَأَخَذۡنَ مِنكُم مِّيثَٰقًا غَلِيظٗا

Ва чи гуна он [маҳрия]-ро бозпас мегиред, дар ҳоле ки аз якдигар баҳраманд шудаед [ва аз асрори якдигар огоҳед] ва онон [ҳангоми ақди издивоҷ] аз шумо паймони маҳкаму устувор гирифтаанд info
التفاسير:

external-link copy
22 : 4

وَلَا تَنكِحُواْ مَا نَكَحَ ءَابَآؤُكُم مِّنَ ٱلنِّسَآءِ إِلَّا مَا قَدۡ سَلَفَۚ إِنَّهُۥ كَانَ فَٰحِشَةٗ وَمَقۡتٗا وَسَآءَ سَبِيلًا

Ва бо заноне, ки падаронатон [бо онҳо] издивоҷ кардаанд, [пас аз марги падар] издивоҷ накунед, магар он чи [аз ин навъ издивоҷ, ки дар замони ҷоҳилият рух дода ва] бахшида шудааст, [чаро ки] бе тардид, ин кор амали зишту танаффурангез ва роҳи нодуруст аст info
التفاسير:

external-link copy
23 : 4

حُرِّمَتۡ عَلَيۡكُمۡ أُمَّهَٰتُكُمۡ وَبَنَاتُكُمۡ وَأَخَوَٰتُكُمۡ وَعَمَّٰتُكُمۡ وَخَٰلَٰتُكُمۡ وَبَنَاتُ ٱلۡأَخِ وَبَنَاتُ ٱلۡأُخۡتِ وَأُمَّهَٰتُكُمُ ٱلَّٰتِيٓ أَرۡضَعۡنَكُمۡ وَأَخَوَٰتُكُم مِّنَ ٱلرَّضَٰعَةِ وَأُمَّهَٰتُ نِسَآئِكُمۡ وَرَبَٰٓئِبُكُمُ ٱلَّٰتِي فِي حُجُورِكُم مِّن نِّسَآئِكُمُ ٱلَّٰتِي دَخَلۡتُم بِهِنَّ فَإِن لَّمۡ تَكُونُواْ دَخَلۡتُم بِهِنَّ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ وَحَلَٰٓئِلُ أَبۡنَآئِكُمُ ٱلَّذِينَ مِنۡ أَصۡلَٰبِكُمۡ وَأَن تَجۡمَعُواْ بَيۡنَ ٱلۡأُخۡتَيۡنِ إِلَّا مَا قَدۡ سَلَفَۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ غَفُورٗا رَّحِيمٗا

[Издивоҷ бо ин афрод] Бар шумо ҳаром шудааст: модару духтар ва хоҳару амма ва холаву духтари бародару духтари хоҳар, модаре, ки ба шумо шир додааст ва хоҳари разоӣ ва модари зану духтари ҳамсаре, ки [он духтар] дар хонаи шумо парвариш ёфтааст ва бо он ҳамсар ҳамбистар шудаед – вале агар бо он зан омезиш накардаед, гуноҳе нест [ки бо духтараш издивоҷ кунед] – ҳамчунин, ҳамсари писаратон, ки аз пушти худатон аст ва издивоҷ бо ду хоҳар [низ бар шумо ҳаром аст], магар он чи [аз ин навъ издивоҷ, ки дар замони ҷоҳилият рух дода ва] бахшида шудааст, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст info
التفاسير: